Феврал 01, 2019 19:15 Asia/Dushanbe
  • Судури аҳкоми эъдом ва ҳабси абад барои 23 шаҳрванди баҳрайнӣ

Додгоҳи фармоишии режими Оли Халифа рӯзи панҷшанбе, барои 23 нафар аз шаҳрвандони баҳрайнӣ аҳкоми эъдом, ҳабси абад ва салби тобеият содир кард.

Додгоҳи фармоишии режими Оли Халифа як шаҳрванди Баҳрайниро ба баҳонаҳои беасос талош барои анҷоми иқдомоти террористӣ ба эъдом ва 22 нафари дигарро ба ҳабси абад ва салби тобеият маҳкум кард.

Додгоҳҳои режими Оли Халифа ҳамвора инқилобиёни баҳрайниро ба иттиҳомҳои беасос ба салби тобеият, эъдом ва ё зиндонҳои тӯлонимуддат маҳкум мекунанд.

Созмонҳои байналмилалӣ то кунун борҳо ба режими Оли Халифа дар хусуси ташдиди саркӯби фаъолони сиёсӣ ва иҷтимоӣ ҳушдор додаанд.

Баҳрайн аз 14 феврали 2011 шоҳиди инқилоби мардумӣ зидди режими Оли Халифа аст.

Мардуми Баҳрайн хоҳони озодӣ, барқарории адолат ва рафъи табъиз ва рӯйи кор омадани низоми мунтахаб дар кишварашон ҳастанд, аммо режими Оли Халифа бо кумаки низомиёни Саудӣ ва маъмурони амниятии Иморот, ки дар қолаби неруҳои “Сипари ҷазира” дар Баҳрайн мустақар шудаанд, эътирозҳои мардумӣ дар ин кишварро саркӯб мекунад.