Феврал 07, 2019 18:36 Asia/Dushanbe
  • Идомаи ҳамалоти Арабистон ба Яман дар сояи ҳимоятҳои Амрико

Устоди равобити байналмилали Донишгоҳи Гиресун (Giresun)-и Туркия идомаи ҳамалот ва ҷиноёти режими Оли Сауд зидди мардуми Яманро бо ҳимоятҳои ҳамаҷонибаи Амрико аз ин режим донист.

Аббос Кор Оғочлӣ, дар гуфтугӯ бо радиои туркии истамбулӣ гуфт, Амрико ҳамвора аз ҳамалоти артиши Арабистон зидди мардуми Яман ҳимоят мекунад, зеро Вашингтон бо ҳар гуна ҳаракати озодихоҳона ва зидди истикборӣ дар минтақа мухолиф аст.

Ин устоди донишгоҳи Туркия афзуд, яманиҳо дарсаданд сарнавишти кишварашонро худ таъйин кунанд ва зери бори зӯргӯиҳои Амрико ва ҳамдастонаш дар минтақа нараванд.

Вай дар бораи нақши Созмони ҳамкории кишварҳои исломӣ барои таваққуфи ҳамалоти режими Оли Сауд зидди мардуми Яман хотирнишон кард, дар ҳоли ҳозир бо долларҳои нафтӣ, ки Оли Сауд дар ихтёр дорад, таҳаққуқи ин мавзӯъ дур аз зеҳн аст.

Арабистон бо ҳимояти Амрико, Иморот ва чанд кишвари дигар аз марти 2015 иқдом ба таҷовузи низомӣ ба Яман ва муҳосираи заминӣ, дарёӣ ва ҳавоии ин кишвар кардааст.

Ҷангафрӯзии Арабистон ва муттаҳидонаш дар Яман токунун ба кушта шудани беш аз 14 ҳазор яманӣ, захмӣ шудани даҳҳо ҳазор нафар ва оворагии миллионҳо яманӣ мунҷар шудааст.

Барчасп