Ҷаллоди ДИИШ кушта шуд
Муҳаммад Сайфуддин, ҷаллоди ДИИШ, ки бо номи мустаори Абувалид шинохта мешуд, дар вилояти Дайруззур, дар шарқи Сурия ба ҳалокат расид.
Ба гузориши Спутник, Муҳаммад Сайфуддин, ҷаллоди ДИИШ, ки бо номи мустаори Абувалид шинохта мешуд, 29 январ дар вилояти Дайруззур, дар шарқи Сурия ба ҳалокат расид.
Муиниддин Аллоҳбасир, бародари бузурги Муҳаммад Сайфуддин гуфт, ки хонаводааш иттилооти расмӣ дар мавриди марги вай дарёфт накардаанд, аммо тасвире аз бадани ӯро дида ва ӯро шиносоӣ кардаанд.
Ҷаллоди индонезияии ДИИШ дар пайи зарбаи таркиши хумпора кушта шудааст.
Муҳаммад Сайфуддин, ҷаллоди ДИИШ аз ҷумлаи террористҳое аст, ки дар Ироқ ва Сурия ҷиноятҳои бисёре муртакиб шуда ва хунҳои бегуноҳи бисёреро рехтааст.
Сайфуддини 40 сола дар соли 2015 ба ҳамроҳи ҳамсар ва фарзандонаш ба гурӯҳи террористии ДИИШ пайваст ва пас аз он ба унвони ҷаллод бо ин гурӯҳ ҳамкорӣ кард ва дар чанд видеои эъдом ҳузур ёфт. Дар яке аз видеоҳо ӯ дар канори ду террористи дигар аз кишварҳои ҷануби ғарби Осиё, се зиндониро, ки либоси норанҷӣ ба тан доранд, эъдом мекунад.
Дар моҳи августи соли гузаштаи мелодӣ ӯ ба ҳамроҳи ду афроди малайзияӣ ва флиппинии ДИИШ дар феҳристи террористҳои ҷаҳонӣ қарор гирифт.