Феврал 22, 2019 20:07 Asia/Dushanbe
  • Кашфи бузургтарин гӯри ҷамъии қурбониёни ҷиноёти ДИИШ

Бузургтарин гӯристони дастаҷамъии қурбониёни ҷинояти террористҳои ваҳобӣ-саҳюнистии ДИИШ дар атрофи Раққа дар Сурия кашф шуд.

Ба гузориши ИРНА, шабакаи хабарии Русия алявм аз кашфи гӯристоне бо 3500 пайкар аз қурбониёни ҷиноятҳои гурӯҳи ДИИШ дар наздикии шаҳри Раққа дар шарқи Сурия хабар дод.

Кашфи ин гӯристон дар як замини кишоварзӣ дар рустои Алфахихи Раққа ба таъйини ҳувияти шумори бештар аз афроде, ки ҳанӯз сарнавишти онҳо мушаххас нест, аз ҷумла хориҷиҳое, ки ба асорати ДИИШ даромаданд, кумак мекунад.

То кунун 120 ҷасад аз ин гӯри дастаҷамъӣ ба дасти неруҳои вокуниши сареи вобаста ба дифои мардуми Раққа хориҷ шудааст.

Неруҳои маҳаллӣ ҳамчунин ҳашт гӯри дастаҷамъии дигар дар атрофи шаҳри Раққа шиносоӣ кардаанд.

Ҳафтаи гузашта низ неруҳои маҳаллӣ як гӯри дастаҷамъиро дар рустои Алфахихи Раққа кашф карданд, ки эҳтимол меравад дарбардорандаи 2 ҳазор ҷасад бошад, ки бештари онҳо дар ҳамлаҳои ҳавоии этилофи байналамилалии ба саркардагии Амрико кушта шудаанд.

Шаҳри Раққа дар соли 2014 ба дасти ДИИШ афтод ва маркази аслии ин гурӯҳи террористӣ дар Сурия ба шумор мерафт.