Аҳдофи сафари Бин Салмон ба Чин
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i41935-Аҳдофи_сафари_Бин_Салмон_ба_Чин
Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Саудӣ пас аз сафар ба Покистон ва Ҳинд, дар севумин мақсади осиёии худ сафаре дурӯза ба Чин дошта ва бо мақом‏ҳои ин кишвар дидор ва гуфтугӯ кардааст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Феврал 23, 2019 17:03 Asia/Dushanbe
  • Аҳдофи сафари Бин Салмон ба Чин

Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Саудӣ пас аз сафар ба Покистон ва Ҳинд, дар севумин мақсади осиёии худ сафаре дурӯза ба Чин дошта ва бо мақом‏ҳои ин кишвар дидор ва гуфтугӯ кардааст.

Сафари Муҳаммад бин Салмон ба Чин, нахустин сафари расмии вай ба ин кишвар аст.

Пеш аз ин Малик Салмон, подшоҳи Арабистон ба Чин сафар карда буд.

Грегори Кассач, устоди донишгоҳи рус мегӯяд: "Бо таваҷҷуҳ ба инки, подшоҳи Арабистон низ дар 2017 ба Чин сафар доштааст, сафари кунунии Бин Салмон ба Пекин низ гуёи ин аст, ки сиёсати хориҷии Арабистон ба сӯи шарқ мутамоил шуд".  

Метавон гуфт, сафари валиаҳди Саудӣ ба Чин аҳдофи иқтисодӣ ва сиёсӣ доштааст.

Чин як абарқудрати иқтисодӣ аст ва нақши тасмимсоз дар арсаи иқтисоди ҷаҳонӣ дорад.

Ба лиҳози сиёсӣ, валиаҳди Саудӣ ба хубӣ огоҳӣ дошт, ки Чин аз кишварҳое аст, ки равобити ҳасанаи иқтисодӣ ва сиёсӣ бо ҷумҳурии исломии Эрон дорад.

Ванг Йӣ, мушовири давлати Чин сешанбеи гузашта ду рӯз қабл аз сафари Бин Салмон ба Пекин, дар дидор бо Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири хориҷаи ҷумҳурии исломии Эрон гуфт: "Моилам аз ин фурсат истифода карда ва бо дӯсти қадимиам бар таъмиқи равобит ва тақвияти эътимоди роҳбурдӣ миёни кишварҳоямон таъкид кунам ва итминон даҳам, ки пешрафти тозае дар ҳамкории мутақобил, ҷомеъ ва роҳбурдии мо ба даст омадааст."

Нуктаи поёнӣ ин аст, ки муваффақ будан ё набудани тури осиёии Бин Салмон ба вокуниши ғарб низ бастагӣ дорад.

Бояд дид, оё ғарб ба хусус кишварҳои аврупоӣ бо ҳадафи мамониат аз наздик шудани Арабистон ба Чин ва Ҳинд, аз фишори моҳҳои ахир бар валиаҳди Саудӣ мекоҳанд ё хайр.