Мавзегирии бесобиқаи Аврупо дар бораи ҳуқуқи башар дар Арабистон
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i42267-Мавзегирии_бесобиқаи_Аврупо_дар_бораи_ҳуқуқи_башар_дар_Арабистон
Кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо дар канори 12 кишвари дигар дар Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони милал муттаҳид дар баёнияе аз вазъи ҳуқуқи башар дар Арабистон ба вижа рафтор бо зиндониёни сиёсӣ, аз ҷумла фаъолони ҳуқуқи зан ба шиддат интиқод карданд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Март 08, 2019 17:48 Asia/Dushanbe
  • Мавзегирии бесобиқаи Аврупо дар бораи ҳуқуқи башар дар Арабистон

Кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо дар канори 12 кишвари дигар дар Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони милал муттаҳид дар баёнияе аз вазъи ҳуқуқи башар дар Арабистон ба вижа рафтор бо зиндониёни сиёсӣ, аз ҷумла фаъолони ҳуқуқи зан ба шиддат интиқод карданд.

 

Ба гузориши ИРНА, даҳҳо кишвари узви шӯрои ҳуқуқи башари Созмони милали муттаҳид имрӯз дар иқдоме бесобиқа баёнияи шадиде зидди Арабистон содир ва аз вазъияти ҳуқуқи башар дар ин кишвар интиқод карданд.

Дар ин баёния, ки аз сӯи 36 кишвар аз ҷумла 28 узви Иттиҳодияи Аврупо ҳимоят шуд, дар бораи истифодаи Арабистон аз қонунҳои зиддитерроризм ва тадбирҳои амниятӣ алайҳи афроде, ки ба сурати мусолиматомез ҳуқуқ ва озодиҳои худро пайгирӣ мекунанд, ибрози нигаронии шадид шудааст.

Ин баёния, ки дар нишасти ин шӯро дар Женева қироат шуд, ҳамкории Арабистонро дар таҳқиқот перомуни қатли Ҷамол Хошуқчӣ рӯзноманигори мунтақиди валиаҳди саудиро хостор шуд, ки тирамоҳи гузашта дар консулгарии ин кишвар дар Истамбул ба қатл расид.

Ин интиқоди бесобиқа аз Арабистон дар ниҳоди 13-солаи ҳуқуқ башари Созмони милал, ки 47 узв дорад, бори дигар вазъи ҳуқуқи башари Арабистонро ба маркази таваҷҷуҳ табдил кард.

Таҳқиқе ки тавассути Дидабони ҳуқуқи башар ва Созмони афви байналмилал сурат гирифта, ҳокӣ аст мақомҳои саудӣ зиндониёнро шиканҷа карда ва онҳоро мавриди таҷовузи ҷинсӣ қарор додаанд.