Март 10, 2019 17:54 Asia/Dushanbe
  • Амалиёти густурдаи артиши Яман алайҳи муздурони Саудӣ дар Алҷавф

Нерӯҳои артиши Яман шуморе аз муздурони Саудиро дар Алҷавф ба ҳалокат расонданд.

Ба гузориши “Алмасира”, силсилаамалиёти нерӯҳои яманӣ дар ҷабҳаҳои мухталифи набард бо муздурони Саудӣ идома дорад. Бар асоси ин гузориш, нерӯҳои Яман амалиёти ҷадидеро алайҳи муздурони Саудӣ дар Алҷавф тартиб доданд. Тибқи эъломи расонаҳои арабӣ, ин амалиёт дар Маҷмаулмутун, воқеъ дар Алҷавф анҷом шуд. Артиш ва кумитаҳои мардумии Яман дар ҷараёни ин амалиёт шуморе аз муздуронро ба ҳалокат расонданд.