Марги беш аз 100 ҳазор кӯдаки яманӣ дар як сол
(last modified Tue, 19 Mar 2019 14:20:19 GMT )
Март 19, 2019 19:20 Asia/Dushanbe
  • Марги беш аз 100 ҳазор кӯдаки яманӣ дар як сол

Вазири беҳдошти Яман эълом кард, ба далели таҷовузи эътилофи саудӣ-амрикоӣ ва муҳосираи Яман беш аз 100 ҳазор кӯдаки яманӣ дар як сол кушта шуданд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Тоҳо Алмутаваккил, вазири беҳдошти Яман имрӯз, сешанбе дар конфронси хабарӣ дар Санъо гуфт, 50 дарсад аз бахши беҳдошти Яман дар маърази тахриб қарор гирифта ва аз умри муфиди 97 дарсад аз таҷҳизоти бемористонҳои ин кишвар гузаштааст. Ӯ бо баёни ин ки эътилофи саудӣ аз вуруди таҷҳизоти пизишкӣ ба Яман ҷилавгирӣ мекунад, афзуд, нақши инсонии Созмони Милал дар Яман дар сатҳи масъулияти ин созмон нест ва кумакҳои ин созмон ва дигар созмонҳои байналмилалӣ дар бахши беҳдоштӣ дар баробари озмоиши ҳақиқӣ дар соли 2019 қарор доранд.

Арабистон бо ҳимояти Амрико, Аморот ва чанд кишвари дигар аз марти соли 2015 иқдом ба таҷовузи низомӣ ба Яман ва муҳосираи заминӣ, дарёӣ ва ҳавоии ин кишвар кардааст. Ин ҷангафрӯзии Арабистон ва муттаҳидонаш то кунун ба кушта шудани беш аз шонздаҳ ҳазор яманӣ, захми шудани даҳҳо ҳазор нафар ва оворагии миллионҳо яманӣ мунҷар шудааст.