Март 31, 2019 19:07 Asia/Dushanbe
  • Ифшогарии рӯзномаи англисӣ дар бораи шиканҷа дар зиндонҳои Саудӣ

Рӯзномаи англисии “Гардиан” аз дастёбӣ ба гузориши маҳрамонае дар мавриди вазъияти ваҳшатноки шиканҷаи зиндониёни сиёсӣ дар Арабистони Саудӣ хабар дод.

Рӯзномаи “Гардиан” рӯзи якшанбе навишт, ин гузориш ба дастури Салмон ибни Абдулазиз, подшоҳи Саудӣ ва дар пайи фишорҳои байналмилалӣ баъд аз қатли Ҷамол Хошуқҷӣ, рӯзноманигори мунтақиди арабистонӣ дар консулгарии Саудӣ дар Истанбул таҳия шуда ва вазъияти ҷисмии даҳҳо зиндонии сиёсиеро, ки чанд моҳ пеш ба дастури Муҳаммад ибни Салмон, валиаҳди Саудӣ боздошт шуданд, мустанад кардааст.

Дар ин гузориш пешниҳодҳое ба подшоҳи Саудӣ ба манзури коҳиши фишорҳои байналмилалӣ ироа шуда, ки афви зиндониёни сиёсӣ ё озодии зудҳангоми зиндониёне, ки мушкилоти шадиди ҷисмӣ доранд, аз ҷумлаи онҳост. Бар асоси ин гузориш, дар пайи фишорҳои воридшуда ба Риёз баъд аз қатли Хошуқҷӣ подшоҳи Саудӣ дастур дода, дар мавриди наҳваи боздошти беш аз 200 нафар, аз ҷумла даҳҳо зан ба дастури Бин Салмон таҳқиқ шавад.  Малик Салмон ҳамчунин бо мустанадсозии вазъияти ҷисмии 60 нафар аз ин зиндониён мувофиқат кардааст.

Созмони Афви Байналмилал то кунун бо судури чанд баёния аз режими Арабистон хостааст, то дар бораи вазъияти ҳуқуқи башар дар ин кишвар тавзеҳ диҳад ва фаъолону ҳуқуқдонони Арабистонро саркӯб накунад.

 

Барчасп