Апрел 12, 2019 20:45 Asia/Dushanbe
  • Вабо дар Яман ҳамчунон қурбонӣ мегирад

Дафтари беҳдошти умумии устони Ҳаҷҷа дар шимоли Яман эълом кард, шумори мубталоён ба вабо дар ин устон беш аз 15 ҳазор нафар аст, ки аз ин теъдод 25 нафар то кунун ҷон бохтанд.

Иброҳим ал-Ашвал мудири дафтари беҳдошти умумии Яман эълом кард: Бахши дармонии устони Ҳаҷҷа марокизи кофӣ барои мудовои мубталоён ба ваборо надошта ва бо камбуди дору ба хусус доруҳои хос барои дармони вабо рӯ ба рӯ аст.

Ал-Ашвал хостори вуруди ниҳодҳои вижа барои муқобила бо интишори бемории вабо ба шакли густурдатар дар устони Ҳаҷҷа ва фароҳам кардани лавозим ва таҷҳизоти лозим барои дармони беморон ва афзоиши зарфияти пазириши беморон ва мудовои онҳо шуд.

Лиз Гранде ҳамоҳангкунандаи умури инсонии Созмони милал дар Яман ахиран эълом кард: Яман бо бадтарин буҳрони инсонӣ дар ҷаҳон рӯбарӯ аст, чунки наздик ба 80 дарсади ҷамъияти 24 миллиону садҳазорнафарии он дасти кам ба яке аз анвои кумакҳои инсонӣ ва ҳимоят ниёз доранд.

Гранде тасреҳ кард, дар ҳоли ҳозир бемории вабо дар саросари Яман густариш ёфта ва тайи се моҳи гузашта ҷони 200 нафарро гирифтааст ва гузашта аз ин, беш аз 110 ҳазор нафар ба ин беморӣ мубтало ҳастанд.

Арабистон бо ҳимояти Амрико, Аморот ва чанд кишвари дигар аз марти 2015 иқдом ба таҷовузи низомӣ ба Яман ва муҳосираи заминӣ, дарёӣ ва ҳавоии ин кишвар кардааст. Ҷангафрӯзии Арабистон ва муттаҳидонаш дар Яман то кунун ба кушта шудани беш аз шонздаҳ ҳазор Яманӣ, захмӣ шудани даҳҳо ҳазор нафар ва оворагии миллионҳо яманӣ мунҷар шудааст.

Таҷовузи низомии Арабистон ҳамчунин кишвари фақири Яманро бо камбуди шадиди маводи ғизоӣ ва доруӣ мувоҷеҳ кардааст.

 

Барчасп