Зариф: Муқовимати Сурия минтақаро аз хатари бузург наҷот дод
(last modified Tue, 16 Apr 2019 14:59:54 GMT )
Апрел 16, 2019 19:59 Asia/Dushanbe

Вазири умури хориҷии Эрон гуфт, муқовимати давлат ва миллати Сурия дар баробари терроризм минтақаро аз як хатар ва тавтеаи бузург наҷот дод.

Ба гузориши  ИРНА, Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷии Эрон дар дидор бо Валид Муаллим, вазири умури хориҷии Сурия дар Димишқ зимни ройзанӣ дар бораи равобити дуҷониба, таҳаввулоти минтақаӣ ва ҷаҳонӣ бар лузуми хурӯҷи ҳама террористҳо аз Сурия ва эҳтиром ба ҳокимияту тамомияти арзии ин кишвар таъкид кард. Валид Муаллим ҳам бо ишора ба ҳамкории Эрон ва Сурия дар солҳои ахир гуфт, ин ҳамкориҳо мӯҷиб шуд, то ду кишвар тавтеаҳои бузургро хунсо кунанд ва лозим аст, ҳамкориҳо дар ҳама заминаҳо идома ёбад.

Image Caption

Вазири умури хорҷии Эрон, ки барои дидор бо мақомоти олирутбаи Сурия рӯзи сешанбе вориди Димишқ шуд, пеш аз зуҳри имрӯз бо Башор Асад, раисҷумҳури Сурия ҳам дидору гуфтугӯ кард. Баррасии абъоди мухталифи равобити дуҷонибаи муҳимтарин масоили минтақаӣ, баррасии охирин таҳаввулоти ибтикори Остона ва раванди сиёсии ҳалли буҳрон дар Сурия ва пайгирии тавофуқоти сафари муовини аввали раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Сурия аз меҳварҳои аслии гуфтугӯ дар ин дидор буд.

Image Caption
Image Caption

Зариф пас аз дидор бо мақомоти аршади сурӣ ва зиёрати ҳарамҳои мутаҳҳари ҳазрати Зайнаби Кубро (с) ва ҳазрати Руқия (с) (хоҳар ва духтари Имом Ҳусейн (р)) ба Туркия сафар мекунад. Ҳамоҳангии мавозеъ дар муҳимтарин мавзӯоти минтақаӣ ва байналмилалӣ бо ҳадафи кумак ба таъмиқу таҳкими сулҳу суботи минтақаӣ аз дигар аҳдофи сафари вазири умури хорҷии Эрон ба Сурия ва Туркия эълом шудааст.