Апрел 25, 2019 17:50 Asia/Dushanbe
  • Ҳизбуллоҳи Лубнон ва Нуҷабои Ироқ, эъдомҳо дар Арабистонро маҳкум карданд

Ҷунбишҳои Ҳизбуллоҳи Лубнон ва Нуҷабои Ироқ, иқдоми режими Саудӣ дар эъдоми шуморе аз шаҳрвандони шиаи Арабистонро ба баҳонаҳои воҳӣ, маҳкум карданд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, ҷунбиши Ҳизбуллоҳи Лубнон чаҳоршанбешаб дар баёнияе, Амрикоро шарики аслии ҷиноятҳои режими Саудӣ дар ҳаққи даҳҳо шаҳрванди бегуноҳи Арабистон донист ва эълом кард, Амрико масъули ҳимоят аз ин режим ва нодида гирифтани ҷиноятҳои он, тавассути ҷомеаи ҷаҳонӣ аст.

Ҷунбиши муқовимати исломии Лубнон аз ҳама хост барои расвоии режими «қотил ва ваҳшӣ»-и Саудӣ ва ифшои нақши ин режим дар ҳимоят аз терроризм ба по хезанд.

Ҷунбиши Нуҷабои Ироқ ҳам зимни дархост аз маҷомеъ ва созмонҳои байналмилалӣ барои таҳқиқи фаврӣ дар хусуси эъдоми фаҷеи 37 шаҳрванди Арабистони таъкид кард, иқдомоти режими шарури Саудӣ, ки ба ҷиноёти ҳавлнок одат дорад, ҳеҷ татобуқе бо Ислом, ҳуқуқи башар ва урфи байналмилал надорад.

Ин ҷунбиш эҷоди гурӯҳҳои такфирӣ назири ДИИШ, созмондиҳии террористҳои интиҳорӣ ва куштори ғайринизомиён дар Ироқ, Сурия ва Яманро аз дигар ҷиноятҳои режими Саудӣ баршумурд ва созмонҳои ҳуқуқи башарӣ ва ҳамаи озодагони ҷаҳонро ба анҷоми масъулияти худ дар ифшои ҷиноёти ин режим фарохонд.

Вазорати кишвари Арабистон рӯзи сешанбе аз эъдоми 37 шаҳрванди ин кишвар ба иттиҳом ончӣ талош барои анҷоми иқдомоти террористӣ дар Арабистон хонд хабар дод.

 

Барчасп