Апрел 26, 2019 15:40 Asia/Dushanbe
  • Гузориши Афви Байналмилал аз куштори суриҳо дар ҳамалоти эътилофи амрикоӣ

Созмони Афви Байналмилал гузориш дод, ҳамалоти эътилофи мавриди ҳимояти Амрико ба қурбон шудани 1600 ғайринизомӣ дар шаҳри Раққаи Сурия мунҷар шудааст.

Ба гузориши хабаргузории “Рейтерз”, Созмони Афви Байналмилал ва як гурӯҳи нозир ба номи "Эйр воз" (Air Wars) дар гузорише эълом карданд, ҳамалоти эътилофи байналмилалии ба истилоҳ зидди ДИИШ дар Раққаи Сурия дар соли 2017 марги беш аз 1600 ғайринизомиро ба дунбол доштааст. Бар асоси ин гузориш, ин омор 10 баробари он чизест, ки худи эътилоф ба он эътироф кардааст.

Афви Байналмилал ва “Эйр воз”, ки як гурӯҳи мустақар дар Лондон аст, гузориши худро бар асоси таҳқиқоти 18-моҳа аз талафоти ғайринизомиён дар Сурия, аз ҷумла ҳамалоти думоҳа ба Раққа ироа кардаанд. Дар ин гузориш таъкид шуда, ки ёфтаҳо ҳокӣ аз ҳаҷми густардаи нақзи қавонини байналмилалии ҳуқуқ башар дар ин ҳамалот аст.

Буҳрон дар Сурия аз соли 2011 бо таҳоҷуми густурдаи гурӯҳ‎ҳои террористии мавриди ҳимояти Арабистон, Амрико ва муттаҳидонашон барои тағйири муодилоти минтақа ба нафъи режими саҳюнистӣ оғоз шуд. Дар буҳрони ҳаштсолаи Сурия беш аз 12 миллион нафар аз ҷамъияти ин кишвар овора шуданд. Артиши Сурия, ахиран, бо кумакҳои мусташории Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ҳимояти Русия тавонист парвандаи гурӯҳи террористии ДИИШ-ро дар ин кишвар бандад.

 

Барчасп