Май 04, 2019 18:15 Asia/Dushanbe
  • Бузургтарин барномаи ДИИШ барои бозгашт ба Ироқ ноком монд

Нерӯҳои иттилоотии Ироқ тавонистанд бо расади таҳаррукоти ДИИШ, бузургтарин барномаи ин гурӯҳи террористиро барои бозсозӣ ва бозчинии афроди худ дар ин кишвар ноком бигузоранд.

Абуалӣ Албасрӣ, мудири иттилоот ва амнияти дохилии Ироқ гуфт, ки нирӯҳои амниятии ин кишвар тавонистаанд Алкамани Ваҳид, аз фармондеҳони ДИИШ - ро, ки масъули куштори даҳҳо тан дар шаҳрҳои Мусил ва Талъафар будааст, ба ҳалокат бирасонанд ва яке аз ҳамроҳони вай низ ба ночор худро мунфаҷир кардааст.

Ин мақоми амниятии Ироқ бо ишора ба расади фаъолияти террористҳои ДИИШ дар дохили хоки Сурия ва Ироқ аз моҳҳо пеш афзуд, дар натиҷаи ин муроқибатҳои амниятӣ, афроде аз ДИИШ, ки аз роҳҳои мухталиф худро аз Сурия ба вилояти Найнавои Ироқ расонда буданд то бозсозии сафи нерӯҳо ва барҳам задани амнияти Ироқро аз сар гиранд, кушта ё дастгир шудаанд.

Мудири иттилоот ва амнияти дохилии Ироқ гуфт, ки ба зудӣ иттилооти бештаре аз диишиҳои дастгиршуда ва боқии террористҳо, азҷумла Абубакр Албағдодӣ мунташир хоҳад шуд.

Эъломи хабари шикасти барномаи ДИИШ барои бозсозии худ дар Ироқ дар ҳоле аст, ки чанде пеш, пас аз ҳамлаи ҷангандаи амрикоӣ ба нерӯҳои полиси федерал дар Киркук, фраксиюни “Содиқун” дар парлумони Ироқ эълом кард, ки ҷангандаҳои Амрико дар ҳоли эҷоди минтақаи амн барои гурӯҳи террористии ДИИШ дар марзҳои Сурия ва Ироқ ҳастанд.