Май 06, 2019 10:05 Asia/Dushanbe
  • Фардо сешанбе; аввали моҳи Рамазон дар Ироқ

Дафтари Оятуллоҳ Сайид Алии Систонӣ марҷаъияти олии Ироқ фардо (сешанбе ) ро аввали моҳи мубораки Рамазон дар ин кишвар эълом кард.

Дафтари оятуллоҳ Систонӣ марҷаъияти олии Ироқ бо судури иттилоъияе тасриъ кард;бо таваҷуҳ ба собит нашудани рувияти ҳилол дар якшанбе шаб, душанбе охирин рӯзи моҳи Шаъбон ва фардо сешанбе ( ҳафтуми май 2019 ) нахустин рӯзи моҳи Рамазони соли 1440 и ҳиҷрии қамарӣ эълом карда буд.

Бархе кишварҳои исломӣ аз ҷумла Кувейт, Баҳрайн, Иморот, Қатар, лубнон, Либий , Афғонистон, ва Малайзия имрӯзро оғози моҳи мубораки Рамазон эълом каданд.

Мусалмонони кишварҳои Чин, Австралия ва Зеландияи нав ҳам рӯзи душанберо ба унвони нахустин рӯз аз моҳи мубораки Рамазон рӯза мегиранд

Дар Эрон ва Покистон низ ҳамонанди Ироқ рӯзи сешанбе оғози моҳи мубораки Рамазон хоҳад буд.

Барчасп