Сентябр 18, 2016 18:02 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи Амрико ба Сурия барномарезишуда буд

Намояндаи порлумони Сурия иқдоми Амрико дар ҳамла ба мавозеи артиши Сурияро барномарезишуда ва бо ҳамоҳангии гурӯҳи террористии ДИИШ донист.

Султом ад-Дандил, намояндаи шаҳри Дайраззур дар порлумони Сурия рӯзи якшанбе дар гуфтугӯ бо хабаргузории "Тасним" гуфт, иддаоҳои Амрико дар хусуси иштибоҳӣ буданӣ ҳамла ба мавозеи артиши Сурия дурӯғ аст.

 Ад-Дандил таъкид кард,он чи собит мекунад, ки ҳамалоти Амрико аз пеш тарроҳӣ шуда буд, ҳамлаи гурӯҳи террористии ДИИШ ба манотиқи маскунии Дайраззур бо хумпора ва мушак аст, ки дуруст баъд аз ҳамалоти ҳавоии Амрико сурат гирифт.

 Намояндаи порлумони Сурия афзуд, ҳадаф аз ҳамлаи Амрико ба Дайраззур, зарба задан ба тавофуқи оташбаси Амрико ва Русия буд, ки бо ҳадафи фароҳам кардани муқаддамоти роҳи ҳалли сиёсӣ баста шуд.

Ин намояндаи порлумони Сурия дар ин ҳол таъкид кард, артиш ҳамчунон ба муқовимат дар баробари гурӯҳҳои террористӣ идома медиҳад.

 Шанбешаб дар ҳамалоти ҷангандаҳои Амрико ба мавозеи артиши Сурия дар атрофи фурӯдгоҳи Дайраззур дастикам 62 сарбози сурӣ кушта шуданд.