Май 19, 2019 11:56 Asia/Dushanbe
  • Сояи ҷинояткории саҳюнистҳо бар марги ғарибонаи Ойша Аллуъ Луъ

Ойша Аллуъ Луъ кудаки 5 солаи фаластиние, ки ночор буд ба далели набуди имконоти пизишкӣ барои дармони тумури мағзӣ ба Каронаи Бохтарӣ сафар кунад ба дур аз хонаводааш ҷон бохт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ойшаи кучак дар ҳоле барои амали ҷарроҳӣ ба Каронаи Бохтарӣ рафта буд, ки режими ишғолгари Қудс ба падару модараш иҷозатномаи убур аз Ғазза ба шаҳри Қудсро надода буд.

Вазорати беҳдошти Фаластин дар баёнияе эълом кард, дарду ранҷи Ойша Аллуъ Луъ ва манъи хонаводааш аз ҳамроҳӣ бо ӯ дар сафари дармониаш ба Каронаи Бохтарӣ баёнгари зулму ситами режими саҳюнистӣ ва бозтоби дарду ранҷи тамоми мардуми Фаластин аст.

Дар ин баёния омадааст, Ойша, ки ҳангоми анҷоми амали ҷарроҳӣ танҳо буд ва фақат як зани фаластинӣ довталабона дар канораш ҳузур дошт қабл аз амал бисёр гиря мекард ва модарашро садо мезад.

Марги ғарибонаи кудаки фаластинӣ дар ҳолест, ки иддаогарони ҳуқуқи башар саргарми баргузории шасту панҷумин мусобиқоти мусиқии Евра-Вижен дар Тел-Авив ҳастанд.

Марги Ойша Аллуъ Луъ ба дур аз охирин навозишҳои модарӣ ва оғуши падараш натиҷаи ҷинояти режими саҳюнистӣ бо ҳимоятҳои ҳамаҷонибаи Амрико ва созиши бархе кишварҳои арабӣ аз ҷумла Арабистон, Миср, Аморот, Оман ва режими Баҳрайн дар баробари масъалаи Фаластин аст.