Май 23, 2019 17:10 Asia/Dushanbe
  • 52 ҳазор кушта ва захмӣ дар ҳамалоти эътилофи Саудӣ ба Яман

Вазорати беҳдошти Яман эълом кард, дар ҳамалоти мустақими эътилофи Саудӣ токунун 52 ҳазор яманӣ кушта ва захмӣ шудаанд, ки аз ин теъдод 3 ҳазору 800 нафар кӯдак ҳастанд.

Ба гузориши Спутник, Юсуф Ал Ҳозири, сухангӯи Вазорати беҳдошти Яман гуфт, бар асоси ин омор теъдоди кушташудагон дар ҳамалоти эътилофи Саудӣ ба 13 ҳазору 250 нафар мерасад.

Юсуф Ал Ҳозирӣ мизони хисорати ворид шуда ба бахши беҳдошти ин кишварро беш аз 10 миллиарддоллар эълом кард ва афзуд, дар ҳоли ҳозир ду миллиону 400 ҳазор кӯдаки ямании зери панҷсол, аз сӯи тағзия ранҷ мебаранд.

Бар асоси гузоришҳои пешини СММ, 22 миллион нафар яъне ҳудуди 75 дарсади ҷамъияти Яман ба кӯмак ниёз доранд ва 8 миллиону 400 нафар аз онҳо намедонанд, ваъдаи баъдии ғизояшон чи гуна таъмин хоҳад шуд.