Муомилаи қарн, муомилаи нанг ва ҷиноят дар ҳаққи ормони Фаластин
(last modified Wed, 29 May 2019 06:40:45 GMT )
Май 29, 2019 11:40 Asia/Dushanbe
  • Муомилаи қарн, муомилаи нанг ва ҷиноят дар ҳаққи ормони Фаластин

Раиси Ташкилоти худгардони Фаластин бо наздик шудан ба нишасти Баҳрайн бо ҳадафи баррасии баҳси иқтисодии тарҳи амрикоии "Муомилаи қарн" гуфт, Муомилаи қарн ё муомилаи нанг ва нишасти иқтисодии Баҳрайн ҳарду ба ҷаҳаннам восил хоҳад шуд.

Маҳмуд Аббос раиси Ташкилоти худгардони Фаластин хотирнишон кард, тарҳи "Муомилаи қарн" иҷроӣ нахоҳад шуд ва масъалаи Фаластин фақат роҳи ҳалли сиёсӣ дорад.

Нишасти Баҳрайн, ки нахустин марҳилаи иҷроии тарҳи "Муомилаи қарн" эълом шуда, қарор аст 25 ва 26 июни 2019 дар Маномаи Баҳрайн баргузор шавад. ин нишаст дар сояи ҳимояти бархе режимҳои арабӣ аз тарҳи "Муомилаи қарн" ва дар чорчуби оддисозии равобит бо режими саҳюнистӣ барномарезӣ шудааст.

Доналд Трамп раиси ҷумҳури Амрико, ки аз соли 2017 тарҳи "Муомилаи қарн"-ро матраҳ кардааст бо фишор бар Арабистон, Баҳрайн ва Аморот мекӯшад ҳазинаи иқтисодии ин тарҳро таъмин кунад.

Дар ҳамин замина Салмони Разавӣ коршиноси масоили Фаластин дар бораи тарҳи амрикоии "Муомилаи қарн" гуфт, бархе кишварҳои арабӣ пули иҷроии ин тарҳро хоҳанд пардохт, ки бар ин асос Амрико 20 дарсад, Аврупо 10 дарсад ва аъроб 70 дарсад пардохт хоҳанд кард.

Ин тақсими саҳми пардохт нишон медиҳад Амрико бо руйкарди арабӣ ба дунболи иҷрои тарҳи "Муомилаи қарн" аст, ки ҳеҷ ҳамхоние бо воқеияти таърихи Фаластин надорад. Ҳимояти Амрико аз амнияти бархе кишварҳои арабӣ аз ҷумла режими саудӣ, ин кишварҳоро дар масири хиёнат ба ормони Фаластин қарор додааст.

Шайх Исо Қосим руҳонии баландпоя ва муборизи баҳрайнӣ шаби 27 май дар баёнияе эълом кард, ҳадаф аз ироаи тарҳи "Муомилаи қарн" тавтеаи муштараки Амрико, режими саҳюнистӣ ва бархе ҳокимони араб зидди масъалаи Фаластин аст.

Тарҳи "Муомилаи қарн" усули аввалияи ормони Фаластинро нодида гирифтаас ва бештар ҷанбаи таблиғотӣ дорад. Илова бар ин тарҳҳои гузаштаи Амрико ҳам дар бораи Фаластин бо бунбаст ру ба ру шудааст. Музокироти созиш намунаи боризи он аст, ки бо ҳимояти давлати вақти Амрико пайгирӣ шуд, аммо ба сабаби инки ҳаққе барои ормони Фаластин қоил набуд ба саранҷом нарасид.

Дар ҳамин замина Ҳусейни Оҷурлу коршиноси масоили Ховари Миёна гуфт, тарҳҳои Амрико дар бораи Фаластин токунун на фақат иҷроӣ нашудааст, балки эътибор ҳам надорад. Амрико чун худро султа дар ҷаҳон медонад, мехоҳад бигуяд барои масъалаи Фаластин тарҳ дорад ва худнамоӣ кунад.

Бо таваҷҷуҳ ба таҷрибаи шикасти тарҳҳои гузаштаи Амрико дар бораи масъалаи Фаластин тарҳи "Муомилаи қарн" ҳам бо иттиҳоди мардум, ҳамаи гуруҳҳои фаластинӣ ва кишварҳои тарафдори ормони Фаластин чандон мавриди таваҷҷуҳ қарор нахоҳад гирифт ва тарҳи "Муомилаи қарн" руи коғаз боқӣ хоҳад монд.

Нодида гирифтани ҳуқуқи миллионҳо овораи фаластинӣ, халъи силоҳи Муқовимат, ташкили давлати Фаластин бидуни артиш ва чеҳраи саҳюнистӣ додан ба шаҳри ишғолии Қудс аз ҷумла бандҳои тарҳи амрикоии "Муомилаи қарн" аст, ки ҳатто мавриди таиди як гуруҳи фаластинӣ нест.

Чунин нишонаҳое аз тарҳи "Муомилаи қарн" сабаб шудааст ҳеҷ як аз гуруҳҳои фаластинӣ пушти мизи музокира дар бораи ин тарҳ ҳозир нашавад. Мухолифати Маҳмуд Аббос раиси ташкилоти худгардони Фаластин бо нишасти Баҳрайн ва таҳрими он дар ҳамин чорчуб маъно пайдо мекунад.