Июн 02, 2019 19:37 Asia/Dushanbe
  • Раиси Маҷлиси Эрон: Рафтори саудиҳо ва иморотиҳо дар дарозмуддат ба зиёни онҳост

Раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон гуфт: Рафтори саудиҳо ва иморотиҳо дар дарозмуддат ба зиёни онҳо хоҳад буд.

Алии Лориҷонӣ, раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон рӯзи якшанбе дар дидори Аднон Маҳмуд, сафири Сурия дар Теҳрон афзуд: Мутаассифона дар солҳои гузашта бархе аз кишварҳои арабии минтақа зидди Сурия муттаҳид шудаанд ва зидди ин кишвар амал кардаанд, ки албатта бо муқовимати суриягиҳо шикаст хӯрданд.

Лориҷонӣ тасреҳ кард: Имрӯз ҳукумати Сурия дар миёни шайтанатҳои суратгирифта дар солҳои гузашта бо дироят амал кард ва бо муқовимати худ пирӯз шуд.

Сафири Сурия дар Теҳрон гуфт: Режими саҳюнистӣ аз замони оғози ҷанг дар Сурия ҳамвора бо гурӯҳҳои террористӣ ҳамкорӣ карда ва саъй дар  осеб расондан ба Сурияро доштааст.

Барчасп