Июн 08, 2019 13:02 Asia/Dushanbe
  • Пешравии артиши Яман то наздики шаҳри Наҷрони Арабистон

Вазири дифоъи Яман гуфт; нерӯҳои яманӣ ба фосилаи каме аз шаҳри Наҷрон ва фурӯдгоҳи ин шаҳр ҳузур доранд.

Ба гузориши Алқудси  Аларабӣ, сарлашкар  Муҳаммадносир Алъотифӣ Вазири дифоъи Яман рӯзи ҷумъа дар боздид аз минтақаҳои таҳти кантроли нерӯҳои ин кишвар дар хоки Арабистони Саудӣ таъкид кард; нерӯҳои артиш ва Кумитаҳои мардумии Яман эълом кард; 20 мақари нерӯҳои Саудиро таи амалиётте дар Наҷрон воқеъ дар ҷануби Арабистон ба кантроли худ даровардааст.

Дар ҳамин ҳол, сартип, Яхё Сариъ сухангӯи Артиш ва нерӯҳои мусалаҳи Яман чоршанбеи гузашта эълом кард; дар амалиёти Артиш ва Кумитаҳои мардумии Яман дар Наҷрон беш аз 200 низомӣ ва муздури Саудӣ кушта ва захмӣ ва даҳҳо нафар низ асир шуданд.

Бар асоси ин гузориш, дар миёни талафоти иттилофи Саудӣ,низомиёни раддаи боло низ дида мешавад.

Арабистон ва Иморот аз соли 2015 дар қолиби иттилофе аз чанд кишвари арабӣ бо кӯмаки Амрико ва Англия ,ҳамлаҳои густардаеро алайҳи Яман,фақиртарин кишвари арабӣ оғоз карданд.

Иттилофи мутаҷовизи Саудӣ ва муттаҳидонаш то кунун пас аз куштори ҳазорон ғайринизомӣ ва вайрон кардани зерсохтҳои Яман,бо муқовимати мардуми ин кишвар натавонистанд ба ҳадафҳои зиёдахоҳонаи худ даст ёбанд.

Барчасп