Июн 09, 2019 11:55 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи паҳподии Яман ба фурудгоҳи Ҷайзони Арабистон

Неруҳои артиш ва Ансоруллоҳи Яман бо истифода аз чанд паҳподи "Қосиф k2" фурудгоҳи Ҷайзонро дар ҷануби Арабистон ҳадаф қарор доданд.

Ба гузориши хабаргузории Меҳр, дар ин амалиёт неруҳои Яман саккуҳои марбут ба паҳподҳое, ки Арабистон аз онҳо дар таҷовуз ба Яман истифода карда ҳадаф қарор додаанд.

Дар моҳҳои ахир борҳо мавзеъҳо ва неруҳои эътилофи мутаҷовизи саудӣ дар минтақаҳои мухталифи Арабистон ва Аморот ҳадафи ҳамалоти паҳподии Яман қарор гирифтааст

Арабистони саудӣ ва муттаҳидонаш аз марти 2015 ва гузашти беш аз чаҳор сол  куштори ҳазорон ғайринизомӣ ва вайрон кардани зерсохтҳои Яман ба далели муқовимати мардуми ин кишвар натавонистанд ба ҳадафҳои худ дар Яман бирасанд.

Барчасп