Июн 17, 2019 21:42 Asia/Dushanbe
  • Телевизиони Миср: Муҳаммад Мурсӣ дар додгоҳ фавт кард

Телевизиони Миср эълом кард, Муҳаммад Мурсӣ, раисҷумҳури собиқи ин кишвар ҳангоми баргузории ҷаласаи муҳокима фавт кард.

Телевизиони Миср эълом кард, Муҳаммад Мурсӣ рӯзи душанбе, ҳангоми муҳокима дар парвандаи ҷосусӣ вафот кард.

Бар асоси ин гузориш, пас аз эъломи поёни ҷаласаи додгоҳ ногаҳон Муҳаммад Мурсӣ аз ҳол рафт ва пас аз он фавт кард.

Билофосила ҷасади ӯ барои анҷоми тадобири лозим ба бемористон мунтақил шуд.

Муҳаммад Мурсӣ - сиёсатмадори мисрӣ ва панҷумин раисҷумҳурии ин кишвар буд.

Ӯ раиси собиқи Ҳизби озодӣ ва адолат -, ҳизби таъсисшуда ба дасти Ихвонулмуслимин низ буд.

Муҳаммад Мурсӣ рӯзи севуми июли соли 2013 пас аз нооромиҳои чандрӯза ва ҳолати буҳронии кишвари Миср ба дасти артиш барканор шуд.

 

Барчасп