“Индепендент”: Мурси 20 дақиқа рӯйи замин афтода буд
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i44554-Индепендент_Мурси_20_дақиқа_рӯйи_замин_афтода_буд
Рӯзномаи англисии “Индепендент” бар асоси гузориши шоҳидон, полиси Мисрро ба далели кумак накардан барои наҷоти ҷони Муҳаммад Мурси, ки ба диабет, фишори хун ва бемории ҷигар дучор буд, дар марги ӯ муқассир донист.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Июн 19, 2019 18:21 Asia/Dushanbe
  • “Индепендент”: Мурси 20 дақиқа рӯйи замин афтода буд

Рӯзномаи англисии “Индепендент” бар асоси гузориши шоҳидон, полиси Мисрро ба далели кумак накардан барои наҷоти ҷони Муҳаммад Мурси, ки ба диабет, фишори хун ва бемории ҷигар дучор буд, дар марги ӯ муқассир донист.

Абдуллоҳ Алҳаддод, як фаъоли иҷтимоӣ ва пайгири ин мавзӯъ ба рӯзномаи “Индепендент” гуфт: падару бародари Мурси, ки ҳамроҳи ӯ дар додгоҳ муҳокима мешуданд, гуфтаанд, ҳеҷ як аз нигаҳбонон ва нерӯҳои амниятӣ бобати иттифоқе, ки барои Мурси рух дод, нороҳат нашуданд ва ҳеҷ тамоюле ба кумак ба ӯ нишон надоданд.

Абдуллоҳ Алҳаддод афзуд, раҳо кардани Мурси ба ҳоли худ амдӣ буд ва аввалин коре, ки нигаҳбонон пас аз фарёдҳои дӯстони Мурси анҷом доданд, ин буд, ки хонаводаи ӯро аз додгоҳ берун карданд.

Рӯзномаи англисии “Индепендент” дар идома навишт, гуфтаҳои Алҳддодро шахси дигаре низ таъйид кардааст, аммо вай бино ба далоили амниятӣ нахоста номаш фош шавад.

Ин манбаъ ба “Индепендент” гуфтааст, то 20 дақиқа пас аз афтодани Мурси кафи қафаси шишаӣ ва фарёдҳои кумакхоҳии дӯстони ӯ, полис ҳеҷ вокунише нишон надод ва ёрии таъҷилӣ ним соат баъд расид.

Созмони Милали Муттаҳид ва чанд ниҳоди ҳуқуқи башарӣ оғози таҳқиқи мустақил дар бораи марги Муҳаммад Мурси ва шароити ӯ дар зиндонро хостор шудаанд ва “Ихвонулмуслимин”-и Миср низ марги Муҳаммад Мурсиро террор хонда ва хостори таҳқиқоти байналмилалӣ шуд.

Муҳаммад Мурси дар 24 –уми июни соли 2012 бо касби 51.73 дарсади орои мардум ба раёсати ҷумҳурӣ интихоб шуд, аммо як сол баъд, дар севуми июли 2013, пас аз чанд рӯзи нооромӣ, бо кудатои артиши Миср ба саркардагии Абдулфаттоҳ Сиси барканор ва сипас зиндонӣ шуд.

 Мурси сипас ба ҷурми таҳрики хушунат миёни нирӯҳои амниятӣ ва муътаризон ба 20 соли зиндон ва ба ҷурми созмондеҳии ҳамла ба як зиндон дар сол 2011, ки боиси фирори ҳазорон зиндонӣ, аз ҷумла худи ӯ шуд, ба эъдом маҳкум шуд.