Июн 23, 2019 11:34 Asia/Dushanbe
  • Чин 100 автобус ба Сурия эҳдо кард

Фенг Биао (Feng Biao), сафири Чин дар Димишқ рӯзи шанбе дар маросиме бо ҳузури Ҳусейни Махлуф, вазири мудирияти маҳаллӣ ва муҳити зисти Сурия, сад адад автобус ба давлати ин кишвар тақдим кард.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, сафири Чин дар Сурия дар ин маросим бо баёни ин ки ин автобусҳо бахше аз кумакҳои Чин ба давлат ва миллати Сурия аст, хотирнишон кард, Чин кумакҳои  мухталифе ба Сурия мекунад, ки ҳадаф аз он ташвиқи мардуми ин кишвар ба талош барои зиндагии беҳтар ва сохтани ояндае зеботар аст.

Вазири мудирияти маҳаллӣ ва муҳити зисти Сурия низ дар ин маросим аз давлати Чин ба далели эҳдои ин автобусҳо қадрдонӣ кард.

Террористҳо дар солҳои ахир хисорати фаровоне ба зерсохтҳои Сурия, аз ҷумла новгони ҳамлу нақли умумии ин кишвар ворид кардаанд.

Буҳрон дар Сурия аз соли 2011 бо таҳоҷуми густардаи гуруҳҳои террористии мавриди ҳимояти Арабистон, Амрико ва муттаҳидонашон барои тағйири муодилоти минтақа ба нафъи режими саҳюнистӣ оғоз шуд.

Артиши Сурия ахиран бо пуштибонии неруҳои мардумии ин кишвар ва кумакҳои машваратии Ҷумҳурии исломии Эрон тавонист парвандаи гуруҳи террористии ДИИШ-ро дар Сурия бибандад.