Июн 27, 2019 20:07 Asia/Dushanbe
  • 98.4 дарсади фаластиниён мухолифи Муомилаи қарн ҳастанд

Маркази мутолиот ва санҷиши афкори умумӣ дар донишгоҳи Алъақсо дар Ғазза эълом кард, натоиҷи як назарсанҷӣ дар ин минтақа ҳокӣ аст 98.4 дарсади фаластиниён сокини Ғазза бо Муомилаи қарн ва Нишасти иқтисодии Баҳрайн мухолиф ҳастанд.

Ба гузориши рӯзномаи Алқудсул арабӣ, бар асоси назарсанҷии Маркази мутолиот ва санҷиши афкори умумӣ дар дионишгоҳи Алъақсо, ки дар давраи замонии байни 18 то 23 июн анҷом шуд, 99.3 дарсад аз посухдиҳандагон гуфтанд, идомаи шикофи дохилӣ дар Фаластин давлати Амрикоро ба пешбурди Муомилаи қарн ташвиқ мекунад.

Бар асоси ин гузориш 97.6 дарсад аз посухдиҳандагон ҳадаф аз Муомилаи қарнро нобудии Фаластин ва нодида гирифтани ҳуқуқи фаластиниён донистанд ва изҳор карданд, шароити маҳалӣ, минтақаӣ ва байналмиллалӣ  мумкин аст ба тарҳи Муомилаи қарн кумак кунад.

99.1 дарсад аз ширкаткунандагон дар ин назарсанҷӣ ҳамчунин бо ҳимоят аз мавзеи Созмони озодибахши Фаластин (СОФ) дар мухолифат бо Муомилаи қарнро, бар ин боваранд, ки ин мухолифат боиси нобудии тарҳи Амрико хоҳад шуд.

98.9 дарсад аз посухдиҳандагон низ Нишасти иқтисодии Баҳрайнро талоше барои бозорёбии Муомилаи қарн назди фаластиниён унвон ва тасреҳ карданд, мушорикат дар ин нишастҳо ба маънои хуруҷ аз масъалаи Фаластин аст.

Манома пойтахти Баҳрайн рӯзҳои сешанбе ва чаҳоршанбе мизбони Нишасти иқтисодӣ дар ростои иҷрои тарҳи амрикоӣ-саҳюнистии Муомилаи қарн буд.

Бар асоси тарҳи амрикоии Муомилаи қарн, Қудси шариф ба режими саҳюнистӣ вогузор мешавад оворагони фаластинӣ дар дигар кишварҳо, ҳаққи бозгашт нахоҳанд дошт ва Фаластин танҳо моликияти заминҳои боқимондаи Каронаи Бохтарии руди Урдун ва борикаи Ғаззаро хоҳад шуд.

Барчасп