7500 кӯдаки яманӣ - қурбонии таҷовузи саудиҳо
(last modified Sat, 29 Jun 2019 15:19:35 GMT )
Июн 29, 2019 20:19 Asia/Dushanbe
  • 7500 кӯдаки яманӣ - қурбонии таҷовузи саудиҳо

Созмони Милали Муттаҳид бо ишора ба вахомати авзои инсонӣ дар Яман эълом кард, дар пайи ҳамалоти эътилофи саудӣ ба Яман, афзун бар ҳафт ҳазору 500 кӯдак дар ин кишвар кушта ё маълул шудаанд.

Ба гузориши хабаргузории Олмон, Вирҷиния Гамба, намояндаи вижаи Созмони Милали Муттаҳид дар умури кӯдакони дар буҳрон, бо интишори гузорише эълом кард, дар ҷанг алайҳи мардуми Яман то кунун ҳафт ҳазору 500 кӯдак дар ин кишвар кушта ё маълул шудаанд.

Гамба афзуд, шумори қобили таваҷҷуҳе аз ин кӯдакон дар ҳамалоти ҳавоӣ, даргириҳои заминӣ ва инфиҷори мина ва бомба кушта шудаанд ва ин дар ҳоле аст, ки ҳамалот ба мадорис ва бемористонҳо ҳамчунон бисёр зиёд аст ва ҳазорон сохтмон тахриб шудааст.

СММ ҳамчунин дар бораи хатари гирифтор шудани миллионҳо яманӣ ба қаҳтӣ ва гуруснагӣ ҳушдор дода ва эълом кардааст, беш аз ҳашт миллион кӯдаки яманӣ дастрасии кофӣ ба об надоранд ва ду миллион кӯдак ҳам ба шиддат дучори сӯитағзия ҳастанд.

Коршиносони Созмони Милали Муттаҳид Яманро саҳнаи бузургтарин буҳрони башарӣ дар ҷаҳон тавсиф мекунанд. Ба тавре, ки 22 миллион нафар, ки 75 дарсади ҷамъияти Яманро ташкил медиҳанд, ниёзманди кумакрасонӣ ва ҳимояти башардӯстона ҳастанд.

Аз ин миён, ҳашт миллиону 400 ҳазор нафар намедонанд ваъда ғизои баъдиашон аз куҷо таъмин хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико борҳо аз фурӯши таслиҳот ба эътилофи саудӣ - иморотӣ дар ҷанг алайҳи мардуми Яман ҳимоят кардааст.