Тарҳи ҷадиди амрикоиҳо дар ростои яҳудисозии Қудс
(last modified Sun, 30 Jun 2019 04:42:02 GMT )
Июн 30, 2019 09:42 Asia/Dushanbe
  • Тарҳи ҷадиди амрикоиҳо дар ростои яҳудисозии Қудс

Амрико бо ҳамкории режими саҳюнистӣ дар тозатарин иқдом барои яҳудисозии Қудс проекти мавсум ба "туннели мавриди низоъ"-ро дар ин шаҳри ишғолӣ, ифтитоҳ мекунанд.

Ба гузориши рӯзномаи исроилии “Maariv”, Jason Greenblatt, фиристодаи вижаи Амрико дар умури Ховари Миёна ва David Friedman, сафири Амрико дар Фаластини ишғолӣ, проекти мавсум ба "туннели мавриди низоъ"-ро дар зери манозили фаластиниёни сокини маҳаллаи Silwan дар Қудси ишғолӣ ифтитоҳ хоҳанд кард.

Ҳафри ин туннел ба ихроҷи фаластиниён аз минтақаи Silwan ва овора шудани онон мунҷар хоҳад шуд.

Қарор аст, шуморе аз аъзо ва фаъолони ҷунбиши исроилии "сулҳ акнун", тазоҳуротеро дар маросими баҳрабардорӣ аз ин проект дар Қудси ишғолӣ баргузор кунанд.

Пештар Аттоуллоҳ Ҳино, сарусқуфи калисои православии Рум дар Байтулмуқаддас таъкид кард, ишғолгарон бо ҳимояти Амрико дарсадади аз байн бурдани ҳувияти Байтулмуқаддас, ҳадаф қарор додани муқаддасоти исломӣ, масеҳӣ ва коҳиши ҳузури фаластиниҳо дар Қудси ишғолӣ ва аз байн бурдани ормони мардуми Фаластин ҳастанд.