Ихторияи мақомоти саҳюнист барои тахриби манозили фаластиниён дар Қудс
Июл 04, 2019 18:53 Asia/Dushanbe
Манобеи фаластинӣ аз ихторияи мақомоти режими саҳюнистӣ ба шаҳрвандони сокини Қудси ишғолӣ барои тахриби манозилашон ба баҳонаҳои беасос, хабар доданд.
Ба гузориши Тасним, шуморе аз низомиёни саҳюнист имрӯз (панҷшанбе) дастурот ва ихторияҳои тахриби манозили фаластиниён дар Салвони Қудсро иблоғ карданд.
Дар дастури тахриби манозили фаластиниён иддао шудааст, ки ин сохтумонҳо дар Қудси ишғолӣ муҷаввиз надорад ва замини он ба нафъи шаҳрдории саҳюнисти Қудс мусодира мешавад.
Режими саҳюнистӣ сиёсати яҳудисозии манотиқи фаластинӣ бавижа Қудси ишғолиро бо тарфандҳо ва шеваҳои мухталиф аз ҷумла иддаои надоштани муҷаввизи сохт, пеш мебурд.
Токунун шумори зиёде аз фаластиниён, хона ва кошонаи худро дар Қудс аз даст додаанд.