Ансоруллоҳ: Ҳамла ба фурудгоҳҳои Арабистон далели идомаи таҷовуз ба Яман аст
(last modified Sun, 07 Jul 2019 16:22:48 GMT )
Июл 07, 2019 21:22 Asia/Dushanbe
  • Ансоруллоҳ: Ҳамла ба фурудгоҳҳои Арабистон далели идомаи таҷовуз ба Яман аст

Сухангӯи ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман иллати ҳамлаи Паҳподи артиш ва кумитаҳои мардумии ин кишвар ба фурудгоҳҳои Арабистонро идомаи таҷовузи эътилофи саудӣ зидди миллати Яман донист.

Ба гузориши ИСНА, Муҳаммад Абдуссалом, сухангӯи ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман рӯзи якшанбе дар паёме бо қадрдонӣ аз талошҳои ягони паҳподӣ ва мушакии Яман навишт, артиш ва кумитаҳои мардумии Яман посухи сахте ба мутаҷовизон хоҳад дод.

Фурудгоҳҳои Ҷизон ва Абҳо, ҷануби Арабистон, дар рӯзҳо ва ҳафтаҳои ахир борҳо тавассути ягонҳои паҳподӣ ва мушакии артиш ва кумитаҳои мардумии Яман ҳадаф қарор гирифт.

Арабистони Саудӣ ва муттаҳидонаш аз марти 2015 ва гузашти беш аз чаҳор сол куштори ҳазорон ғайринизомӣ ва вайрон кардани зерсохтҳои Яман, ба далели муқовимати мардуми ин кишвар натавонистанд ба аҳдофи худ дар Яман бирасанд.