Арабистон 3 табааи худро террор кард
(last modified Mon, 15 Jul 2019 14:25:43 GMT )
Июл 15, 2019 19:25 Asia/Dushanbe
  • Арабистон 3 табааи худро террор кард

Як маъмури собиқи созмони СИА фош кард, ки Арабистон се табааи худро ба иллати доштани иттилооте аз иртиботи Риёз бо ташкили гурӯҳҳои террористӣ, террор кардааст.

Ба гузориши шабакаи хабарии “Алҷазира”, Джон Киряку, масъули собиқи ягонаи мубориза бо терроризм дар Ожонси иттилооти марказии Амрико (СИА) дар мусоҳиба бо ин шабакаи хабарии арабӣ тарҳи маҳрамонаи сервиси иттилоотии режими оли Халифа ва оли Саудро барои созмондеҳии гурӯҳҳои террористӣ дар саркӯби муътаризони дохилӣ ифшо кард.

Киряку гуфт, СИА ҳангоми боздошти Абузубайда, аз саркардагони гурӯҳи террористии Алқоида дар соли 2002, як дафтарчаи ёддошт ҳамроҳ бо ӯ пайдо кард, ки шумораи телефонҳои се нафар аз шахсиятҳои матраҳ дар хонадони оли Сауд дар он навишта шуда буд.

Ба гуфтаи ин мақоми собиқи СИА, ду тан аз ин се нафар ба тарзи машкуке кушта шуда буданд ва нафари севум низ нопадид шуда буд.

Киряку афзуд, ин мавзуъ нишон медиҳад, ки онҳо иттилооти зиёде дар хусуси иртиботи саудиҳо бо эҷоди гурӯҳи террористии Алқоида  ва ё равобити Арабистон бо ҳамалоти 11 –уми сентябри соли 2001 доштаанд ва бояд аз байн мерафтанд то ин иттилоот фош нашавад.