Июл 17, 2019 18:28 Asia/Dushanbe
  • Ҳалокати 7 саудӣ дар амалиёти тактирандозони яманӣ

Дар ҳамлаи тактирандозони артиш ва кумитаҳои мардумии Яман ба мавозеи муздурони саудӣ дар шаҳри марзии Асир, дастикам ҳафт муздури саудӣ ба ҳалокат расиданд.

Ба гузориши шабакаи телевизионии “Алмасира”, маркази контроли трофики ҳавоии “Флайтрадар24” низ эълом кард, ҳамлаи артиш ва кумитаҳои мардумии Яман ба пойгоҳи ҳавоие дар 13 километрии фурудгоҳи байналмилалии Абҳо дар Арабистон, боиси лағви парвозҳо ба мақсади ин фурудгоҳи байналмилалӣ шуд.

Ягони паҳподии артиш ва кумитаҳои мардумии Яман сешанбешаб фурудгоҳи Ҷизон ва низ пойгоҳи Малик Холид дар устони Асир, ҷануби Арабистонро ҳадаф қарор дод.

Хабари дигар ин ки ҷангандаҳои режими саудӣ дар идомаи нақзи тавофуқи оташбас дар Яман, бори дигар дар ҷинояте ҷадид, шаҳри Алҳудайдаро бомбаборон карданд.

Арабистон бо ҳимояти Амрико, Иморот ва чанд кишвари дигар аз марти 2015 иқдом ба таҷовузи низомӣ ба Яман ва муҳосираи заминӣ, дарёӣ ва ҳавоии ин кишвар кардааст.

Ҷангафрӯзии Арабистон ва муттаҳидонаш дар Яман то кунун ба кушта шудани беш аз шонздаҳ ҳазор яманӣ, захмӣ шудани даҳҳо ҳазор нафар ва оворагии миллионҳо яманӣ мунҷар шудааст.

 

Барчасп