Июл 24, 2019 14:02 Asia/Dushanbe
  • Дастури боздошти 11 вазир дар Ироқ

Нахуствазири Ироқ гуфт: Дастуроте барои боздошти 11 вазири ироқии муттаҳам ба фасод содир шудааст, ки дар сурати исботи иттиҳомоти онҳо исмҳои ин афрод эълом хоҳад шуд.

Ба нақл аз шабакаи Ал-Олам, Одил Абдулмаҳдӣ, нахуствазири Ироқ бо ишора ба дастури боздошти 11 вазир ва мақоми аршади ироқӣ афзуд: Ҳазору 367 парвандаи фасод вуҷуд дорад, ки ба додгоҳҳои мубориза бо фасод ирҷоъ дода шудааст.

Абдурраҳим Ашшимарӣ, узви Комиссияи дурусткории Маҷлиси намояндагони Ироқ ҳам душанбешаб гуфт: Шӯрои олии қазоӣ ба унвони олитарин марҷаи қазоии ин кишвар аз Маҷлис дархост кардааст масунияти панҷ тан аз намояндагонро дар робита бо парвандаҳои фасод лағв кунад.

 

Барчасп