Июл 25, 2019 11:23 Asia/Dushanbe
  • Бомборони пойгоҳи ҳавоии Малик Холид дар Арабистон тавассути неруҳои паҳподии Яман

Неруҳои паҳподии Яман барои дуввумин бор зарфи 24 соати гузашта пойгоҳи ҳавоии Малик Холид дар Арабистонро бомборон карданд.

Ба нақл аз Форс, манобеи хабарӣ бомдоди панҷшанбе гузориш доданд неругоҳи паҳподии артиши Яман пойгоҳи ҳавоии Малик Холид дар минтақаи Хумайс Машит дар Арабистонро бо паҳподҳои Қосиф-К 2 бомборон карданд.

Ин дуввумин ҳамлаи артиши Яман ба фурудгоҳи низомии Малик Холид дар 24 соати гузаштааст.

Пойгоҳи ҳавоии Малик Холид пойгоҳи ҳавоии вобаста ба неруҳои ҳавоии подшоҳии Арабистони саудӣ дар наздикии Хумайс Машит дар минтақаи  Асир дар ҷануби ғарби ин кишвар аст.

Ин пойгоҳ, ки мабдаи бисёре аз амалиётҳои ҳавоии Арабистони саудӣ ба Яман буда ҳудуди 100 километр бо марзи Яман фосила дорад.

Таи чанд моҳи гузашта ҳамалоти паҳподӣ ё мушакӣ ба фурудгоҳҳои минтақаҳои ҷанубии Арабистони саудӣ шомили Ҷозон, Наҷрон ва Асир афзоиш ёфта ва бо онки Арабистони саудӣ аз сомонаҳои амриокии патриот баҳра мебурд муваффақ нашуда бо ҳамалоти Яман муқобила кунад.

Барчасп