Сентябр 21, 2016 17:19 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Сурия ба суханони дабири кулли Созмони Милал

Вазорати умури хориҷаи Сурия аз суханон Пан Ги Мун - дабири кулли Созмони Милал дар ифтитоҳи нишасти солиёнаи Маҷмаи умумии ин созмон зидди давлати Сурия интиқод кард.

Ба гузориш хабаргузории расмии Сурия, Вазорати умури хориҷаи Сурия рӯзи сешанбе дар баёнияе эълом кард, суханони Пан Ги Мун дар бораи Сурия комилан муғоир бо мафоди маншури Созмони Милали Муттаҳид буда ва касе, ки мансаби дабири кулли Созмони Милалро ӯҳда‎дор аст, бояд ба он эҳтиром бигузорад.

Вазорати умури хориҷаи Сурия таъкид кард, мардуми Сурия, ки беш аз панҷ сол аст бо терроризм мубориза мекунанд, аз ҳаққи таъйини сарнавишти худ бархурдоранд ва ба мавъизаҳои Пан Ги Мун, ки муқобили як мушт доллар, гузориши худ дар бораи маҳкумияти Арабистонро пас гирифт, ниёзе надоранд.

Дар баёнияи Вазорати умури хориҷаи Сурия омадааст, Созмони милал дар давраи Пан Ги Мун аз нақши худ дар эҷоди роҳкорҳои одилона барои мушкилоти мавҷуди ҷаҳон мунҳариф гардид ва фарёди миллатҳои мазлум дар эътироз ба мавозеи Созмони Милал ва Пан Ги Мун дар ҷонибдорӣ аз кишварҳои султаҷӯ дар ҷаҳон танинандоз шудааст.

Пан Ги Мун дар суханронии худ дар ифтитоҳияи нишасти солиёнаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо баёни ин, ки низоъ дар Сурия боиси бесуботӣ шуда ва ҳазорон нафар кушта шудаанд, бидуни ишора ба ҷинояти гурӯҳҳои террористӣ ва кишварҳои ҳомии терроризм, муддаӣ шуд, давлати Сурия дар ҳаққи мардуми худ муртакиби ҷиноят шудааст.