Ҳар 10 дақиқа як кӯдаки яманӣ мемирад
Вазорати беҳдошти Яман ҷумъашаб бо баёни ин ки дастикам 2 миллиону сесад ҳазор кӯдаки яманӣ аз норасоии шадиди ғизоӣ ранҷ мебаранд, эълом кард, дар ҳар 10 дақиқа як кӯдаки яманӣ бар асари камбуди ғизоӣ мемирад.
Ба гузориши хабаргузории “Тасним”, Вазорати беҳдошти Яман ҳамчунин аз паҳн шудани дубораи бемории вабо дар ин кишвар хабар дод ва изофа кард, ки шумори қурбониёни ин беморӣ дар Яман ба 3700 нафар расидааст.
Бар асоси эъломи Вазорати беҳдошти Яман то кунун як миллиону 900 ҳазор яманӣ дар манотиқи мухталифи ин кишвар ба бемории вабо мубтало шудаанд.
Бо идомаи ҳамалоти Арабистон ба Яман ва тахриби таъсисоти зербиноии ин кишвар, ба вижа шабакаи обрасонии он, бемории вабо ба суръат дар ҳоли паҳн шудан дар Яман аст.
Арабистон бо ҳимояти Иморот, Амрико ва чанд кишвари дигар аз марти соли 2015 ба Яман таҷовузи низомӣ ва ин кишварро аз замин, дарё ва ҳаво муҳосира кардааст.
Ҷангафрӯзии Арабистон ва муттаҳидонаш дар Яман то кунун ба кушта шудани беш аз шонздаҳ ҳазор яманӣ, захмӣ шудани даҳҳо ҳазор нафар ва оворагии миллионҳо яманӣ мунҷар шудааст.
Таҷовузи низомии Арабистон ҳамчунин кишвари фақири Яманро бо камбуди шадиди маводи ғизоӣ ва доруӣ мувоҷеҳ кардааст.