Август 01, 2019 18:57 Asia/Dushanbe
  • Машварати ҳайати музокиракунандаи Эрон ва Русия дар раванди сулҳи Остона

Ҳайатҳои музокиракунандаи Эрон ва Русия дар музокироти сулҳи Остона, зимни мурури таҳаввулоти сиёсӣ ва майдонии Сурия, дар бораи дастури кори сездаҳумин нишасти (Остона), гуфтугӯ ва машварат карданд.

Алиасғари Хоҷӣ, дастёри аршади вазири умури хориҷаи Эрон дар умури вижаи сиёсӣ, Александр Лаврентев, намояндаи вижаи раисиҷумҳури Русия дар умури Сурия ва Сергей Вершинин (Sergey Vershinin), муовини вазири умури хориҷаи Русия, бо мурури таҳаввулоти сиёсӣ ва майдонии Сурия нисбат ба дастури кори иҷлоси сездаҳуми Остона бавижа бо таваҷҷуҳ ба ҳузури ду узви ҷадид (нозир-и раванди Остона, Лубнон ва Ироқ, баҳс ва табодули назар карданд.

Сездаҳумин нишасти раванди сулҳи Сурия рӯзи панҷшанбе ба муддати 2 рӯз бо ҳузури ҳайатҳои музокиракунандаи Эрон, Русия ва Туркия (кишварҳои зомини раванди Остона) ва бо ҳузури намояндагоне аз давлати Сурия ва муоризон дар шаҳри Нур-Султон пойтахти Қазоқистон баргузор мешавад.

Дувоздаҳумин давр аз музокироти сулҳи Сурия (раванди Остона), 25 апрел дар шаҳри Нур-Султон, пойтахти Қазоқистон баргузор шуд.

Музокироти Остона аз январи 2017 бо ибтикори Эрон ва ҳамкории Русия ва Туркия, бо ҳадафи барқарории сулҳ дар Сурия оғоз шуда, ки натиҷаи аслии ин музокирот, эҷоди манотиқи коҳиши таниш дар Сурия будааст.

 

Барчасп