Август 18, 2019 19:54 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Бегонагон аз минтақа рафтанӣ ҳастанд

Вазири умури хориҷаи Эрон дар дидор бо валиаҳди Кувайт бо таъкид бар лузуми ҳамкории кишварҳои минтақа гуфт: Эрон ва Кувайт дар ин минтақа монданӣ ва бегонагон рафтанӣ ҳастанд.

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон, ки ба Кувайт сафар кардааст, рӯзи якшанбе дар дидор бо Навоф Алаҳмад Алҷобир Ассабоҳ, валиаҳди ин кишвар бо орзӯи савломатӣ барои амири Кувайт, вайро аз роҳбарони бодироят дар минтақа хонд.

Зариф равобити Эрон ва Кувайтро дӯстона ва бародарона унвон кард ва тавсиаву таъмиқи равобити ду кашварро хостор шуд.

Навоф Алаҳмад Алҷобир Ассабоҳ, валиаҳди Кувайт низ дар ин дидор бо истиқболи гарму самимона ба вазири хориҷаи Эрон гуфт: Амири Кувайт ба иллати беморӣ натавонист дар ин дидор ҳузур ёбад.

Валиаҳди Кувайт амнияти минтақаро болотар аз ҳар чизе донист ва афзуд: Кувайт ҳамвора барои ҳамкорӣ ва гуфтугӯ омода аст, зеро онро ба маслиҳати минтақа ва амният ва суботи он медонад.

Барчасп