Созмони Милал: ДОИШ ҳамчунон дар орзуи ҷаҳонӣ шудан аст
(last modified Wed, 28 Aug 2019 05:33:20 GMT )
Август 28, 2019 10:33 Asia/Dushanbe
  • Созмони Милал: ДОИШ ҳамчунон дар орзуи ҷаҳонӣ шудан аст

Як мақоми Созмони Милали Муттаҳид гуфт: Ба рағми аз байн рафтани қаламрави гурӯҳи террористии ДОИШ дар марти соли 2019 дар Сурия, ин гурӯҳ ҳамчунон ба дунболи орзуи ҷаҳонӣ шудани худ аст.

Ба нақл аз ИРНА, Владимир Веровников, муовини дабири кулли Созмони Милали Муттаҳҳид дар умури мубориза бо терроризм асри сешанбе дар нишасти Шӯрои амният бо мавзӯи сулҳу амнияти байналмилалӣ эълом кард: Гурӯҳи террористии ДОИШ барои ҳамалоти террористӣ сармоягузорӣ мекунад ва баровард мешавад ҳанӯз 300 миллион доллар дар ихтиёр дорад.

Веровников афзуд: Дабири кулли СММ чолишҳои қобили мулоҳизаеро, ки кишварҳои узви ин созмон барои бозгшати атбои худ аз манотиқи таҳти назорати ДОИШ бо он мувоҷеҳанд, ба расмият мешиносад, аммо дар айни ҳол, аз аъзои Созмони Милал мехоҳад то нисбат ба атбои худ масъулият дошта бошанд.

Гурӯҳи террористии ДОИШ бо ҳимояти молӣ ва низомии Амрико ва муттаҳидони ғарбӣ ва арабии ин кишвар, аз ҷумла Арабистон бо ҳамла ба Ироқ, бахшҳои васеъ аз манотиқи шимолӣ ва ғарбии ин кишварро ишғол ва ҷиноёти бешуморе анҷом дод.