Август 28, 2019 19:13 Asia/Dushanbe
  • Боздиди сафири Сурия аз сохтмони расонаии Ҳизбуллоҳ дар Зоҳияи Бейрут

Сафири Сурия аз сохтмони расонаии Ҳизбуллоҳ дар Зоҳияи Бейрут боздид кард.

Алӣ Абдулкарим Алӣ, сафири Сурия дар Лубнон аз маркази расонаии Ҳизбуоллоҳ, ки инфиҷори паҳподи режими саҳюнистӣ хисоратҳое ба он ворид кард, боздид кард.

Ба гузориши “Форс”, Алӣ Абдулкарим дар дидор бо Муҳаммад Афиф, масъули расонаии Ҳизбуллоҳ эълом кард, суханронии Сайид Ҳасан Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳ мувозинаро тағйир дод ва ин таҷовузи режими Исроил таъсири баръакс бар рӯйи ин режим ва ҳомиёни он дошт.

Вай гуфт, ин моҷароҷӯӣ, ки Исроил, амрикоиҳо ва тамоми касоне, ки бар рӯйи тазъифи муқовимат ҳисоб боз кардаанд, ба он даст заданд, таъсири акс барои онҳо дошт ва (ин мавзуъ) муқаддимае барои пирӯзиҳои бузургтар (меҳвари муқовимат) ва тақвияти ваҳдати миллии Лубнон ва ваҳдати афкори умумии ин кишвар хоҳад буд, касоне ки дар канори муқовимат ва Сурия истодаанд.

Алӣ Абдулкарим дар посух ба саволи иртибот миёни ҳамалоти ҳамзамони режими саҳюнистӣ ба Сурия ва Лубнон дар бомдоди севуми шаҳривармоҳ гуфт, ин иртибот барқарор аст ва ниёзе ба далел надорад. Ҳадаф қарор додани мақари фармондеҳии кулли Ҷабҳаи Шуъубияи Фаластин, дар Бақои Лубнон низ ба ҳамин мавзуъ иртибот дорад.

Вай афзуд, нигоҳи дақиқ, посухи амиқ ва чашмандози оянда, ки Сайид Ҳасан Насруллоҳ аз он сухан гуфт, доруву дармон ва тазмине барои ин амр аст, зеро ояндаи мавриди назар барои бардошти тамоми пирӯзиҳо бисёр наздик аст.

Рифъат Бадави, намояндаи руасои ҷумҳури пешини Лубнон низ аз маркази расонаии Ҳизбуллоҳ боздид ва эълом кард, вориди марҳалаи ҷадиде шудаем ва бояд зимни тақвияти ҳамбастагӣ, муқовиматро дар оғӯш бигирем.

Аз дигар афроде, ки аз ин марказ дидор кард, Ваоб Ваҳҳоб, раиси ҳизби Аттавҳид Аларабӣ буд. Вай гуфт, муқовимат ва миллати Лубнон ҳастанд, ки наҳваи посухгӯӣ ба ин ҳамларо мушаххас мекунанд.