Ҳадаф қарор додани фурудгоҳи Абҳа-и Арабистони саудӣ тавассути артиши Яман
(last modified Thu, 29 Aug 2019 05:36:01 GMT )
Август 29, 2019 10:36 Asia/Dushanbe
  • Ҳадаф қарор додани фурудгоҳи Абҳа-и Арабистони саудӣ тавассути артиши Яман

Артиши Яман бори дигар фурудгоҳи Абҳа-и Арабистони саудиро ҳадаф қарор дод.

Ба нақл аз радиои тоҷикии Садои Хуросон, сартиб Яҳё Сариъ сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман бомдоди панҷшанбе аз ҳамлаи артиши ин кишвар ба фурудгоҳи Абҳа воқеъ дар ҷануби Арабистони саудӣ хабар дод.

Яҳё Сариъ гуфт, нерӯҳои артиш ва кумитаҳои мардумии Яман бо мушаки круз аз навъи "Қудс 1" ин фурудгоҳро ҳадаф қарор доданд.

Артиши Яман аз 9 июн ва ба дунболи таъкиди мақомоти баландпояи ин кишвар мабнӣ бар иҷрои муодилаи "Фурудгоҳ дар баробари фурудгоҳ" барои маҷбур кардани эътилофи саудӣ ҷиҳати поён додан ба таҷовузоти низомии худ чандин бор ба фурудгоҳҳои Абҳа, Ҷайзон ва Таҷрон (воқеъ дар ҷануби Арабистони саудӣ) ҳамлаи мушакӣ ва паҳподӣ кардааст.

Фурудгоҳҳои мазкур аз байни 300 ҳадаф ҷузви бонки аҳдофи артиши Яман барои посух ба таҷовузоти низомии Арабистони саудӣ ба Яман аст.

Арабистон аз фурудгоҳҳои ғайринизомӣ дар ҷануби кишвараш барои фаолиятҳои низомӣ алайҳи Яман истифода мекунад ба наҳве, ки як маркази контрол аз роҳи дур барои паҳподҳо дар фурудгоҳҳо бо ҳадафи анҷоми маъмуриятҳои расад ва ҳамла ба хоки Яман эҷод шудааст.