Сентябр 02, 2019 13:40 Asia/Dushanbe
  • Посухи қудратмандонаи Ҳизбуллоҳ ба режими саҳюнистӣ

Ҳизбуллоҳи Лубнон дирӯз якшанбе ваъдаи саид Ҳасани Насруллоҳ барои посух ба ҳамалоти Исроилро амалӣ кард.

Дар ҳамлаи мушакии рӯзи гузаштаи Ҳизбуллоҳ ба сарзаминҳои ишғолӣ фармондеҳи артиши режими саҳюнистӣ дар шимоли Фаластини ишғолӣ ба ҳалокат расид ва як худрави низомии ин режим мунҳадим шуд ва ҳамаи сарнашинони он кушта ё захмӣ шуданд. Ҳамлаи Ҳизбуллоҳ ба сарзаминҳои ишғолӣ ҳовии пайёмҳои муҳимме аст.

Аввал, ин ҳамла дар рӯзи моҳи муҳаррам анҷом шуд. Интихоби нахустин рӯзи моҳи муҳаррам барои анҷоми ин ҳамла бовари мазҳабии Ҳизбуллоҳи Лубнон ва реша доштани он дар Ошурои ҳусайниро нишон дод.

Дуввум, ин ҳамла як ҳафта пас аз ваъдаи саид Ҳасани Насруллоҳ мабнӣ бар посухи қотеъ ба таҷовузҳои режими саҳюнистӣ анҷом шуд. Аз як сӯ режими саҳюнистӣ як ҳафта пур аз ҳарос ва сардаргумиро пушти сар гузошт ва аз сӯи дигар фосилае миёни ҳамлаи режими саҳюнистӣ  ва посухи Ҳизбуллоҳ эҷод нашуд.

Севвум, ҳамлаи рӯзи гузаштаи Ҳизбуллоҳи Лубнон ба режими Исроил ин пайёмро ба сарони ин режим ва ҳомиёни он мунтақил кард, ки ҳеҷ ҳамлае бепосух намемонад ва ба қавле асри бизан ва фирор кун тамом шудааст.

Ҳасани Фазлуллоҳ намояндаи парлумони Лубнон ва узви фроксиони вафодорӣ ба Муқовимат гуфт, акнун душмани саҳюнистӣ фаҳмид, ки ҳамла ба Лубнон дигар бепосух намемонад.

Чаҳорум, бо вуҷуди инки артиши режими саҳюнистӣ аз посухи Ҳизбуллоҳ итминон дошт ва саҳюнистҳо дар болотарин сатҳи ҳушёрии иттилоотӣ қарор доштанд боз ҳам ин ҳамла шоки бузурге ба режими саҳюнистӣ ворид кард яке аз фармондеҳони баландпояи ин режим ба ҳалокат расид, мардум ба паноҳгоҳҳо ҳуҷум бурданд ва фазои руъб ва ваҳшат бар сарзаминҳои ишғолӣ ҳоким шуд. Ин вазъият беш аз ҳар чиз гӯёи осибпазирии зиёди режими саҳюнистӣ аз ҳаргуна ҷанг аст.

Панҷум, ин ҳамла нишон дод, ки Ҳизбуллоҳ ва  гуруҳҳои Муқовимат таинкунандаи муодилаи қудрат дар минтақаи ғарби Осиё ҳастанд.

Шайх Наим Қосим муовини дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон дар ин хусус бо баёни ин ки амалиёти Ҳизбуллоҳ дар чорчуби ҳифзи қудрати боздорандагӣ анҷом шуд гуфт, Ҳизбуллоҳ тавонист муодилаи қудратро тасбит кунад.

Шашум, амалиёти рӯзи гузаштаи Ҳизбуллоҳи Лубнон дар фосилаи ду ҳафта монда ба баргузории интихоботи парлумонии Исроил анҷом шуд. Натанияҳу дар клипҳои интихоботиаш саъй дошт ба мардум дар сарзаминҳои ишғолӣ ин пайёмро мунтақил кунад, ки танҳо вай қодир аст амнияти онҳоро таъмин кунад, аммо ҳамлаи рӯзи гузаштаи Ҳизбуллоҳ нишон дод, ки иқдомҳои Натанияҳу омили ноамнӣ ва ҳарос барои мардум дар сарзаминҳои ишғолӣ аст. Дар воқеъ ҳамлаи дирӯз ҷанги равонии шадидеро алайҳи Натанияҳу эҷод мекунад.

Ҳафтум, ҳангоме, ки нерӯҳои саҳюнистӣ барои интиқоли маҷруҳин вориди амал шуданд дар тирраси нерӯҳои Муқовимат қарор доштанд, аммо сарбозони Муқовимат иҷозаи интиқоли захмиҳоро ба саҳюнистҳо доданд. Ин иқдом нишон дод, ки Ҳизбуллоҳ дар паи ҷанг, куштор ва хунрезӣ нест балки ҳамлаи рӯзи гузашта вокунише қотеъ ба таҷовузгариҳои режими саҳюнистӣ ва иқдоме боздоранда буд.