Сӯистифода аз кӯдакии сарбозҳои бенишони яманӣ дар ҷабҳаҳои марзии Арабистон
Як ниҳоди байналмилалии ҳуқуқӣ дар гузорише фош кард, ки Арабистони Саудӣ барои дифоъ аз марзи ҷанубии худ муқобили артиши Яман бо кумаки даллолони маҳаллӣ ғайринизомиёни яманӣ, аз ҷумла кӯдаконро ба унвони сарбоз ба кор мегирад.
Ба гузориши “Алъолам”, созмони ғайридавлатии ҳуқуқ ва озодиҳои мавсум ба СОМ, ки мақарри он дар Женева аст, дар гузорише эълом кард: «Ҳазорон ямании фиребхӯрда аз тариқи шабакаҳои қочоқи инсон ва бидуни пӯшиши қонунӣ таҳти фишори шароити бади инсонӣ маҷбур шудаанд, ба ҷабҳаҳои марзӣ бираванд ва кушта ё захмӣ шаванд ва Арабистон ба гунае бо онҳо бархӯрд мекунад, ки гӯё аслан дар он ҷо нестанд». Дар муқаддимаи гузориши ин созмон омадааст: «Аз соли 2018 СОМ иттилооте ба даст оварда, ки нишон медиҳад, Арабистони Саудӣ ғайринизомиёни яманиро, ки бархе аз онон кӯдак ҳастанд, аз тариқи даллолони маҳаллӣ аҷир мекунад, то дар ивази маоши моҳона аз марзи ҷанубии Арабистон бо Яман ҳимоят кунанд". Ин гузориш меафзояд, ин афрод бахше аз нерӯҳои Саудӣ талаққӣ намешаванд ва дар воқеъ, Арабистон аз вазъияти бади иқтисодии Яман ба далели ҷанг, муҳосира ва қатъи ҳуқуқҳо сӯистфода ва қавонини байналмилалиро дар ин замина нақз мекунад. Дар идомаи ин гузориш таъкида шуда, ки ҳарчанд Арабистони Саудӣ дар талош аст, ин ҷангҷӯёнро ба унвони сарбоз муаррифӣ кунад ва ба бархе аз онҳо дараҷаҳои низомӣ эъто кунад, аммо онҳо, дар воқеъ, сирфан шабеҳи сарбоз ва афсар ҳастанд, вале дараҷаҳои онҳо ҷаълӣ асту пас аз марг ба далели ҳузур дар майдони набард ҳеҷ ҳуқуқе надоранд.
СОМ ифшо кард, ҳазорон қурбонии яманӣ, ки дар ҷанг барои дифоъ аз марзи ҷанубии Арабистони Саудӣ кушта шуданд, бидуни иттилои хонаводаҳояшон дар гӯрҳое дар дохили Арабистон дафн шудаанд ва ҳанӯз хонаводаҳои онҳо аз сарнавишташон иттилое надоранд. Дар ин гузориш ҳамчунин омада, ки марзи ҷанубии Арабистон бо Яман яке аз хатарноктарин манотиқи ҷангӣ дар ҷанги Яман аст ва шумори қурбониёни яманӣ, ки дар он ҷо ҷони худро аз даст додаанд, нишондиҳандаи мизони хатари ин минтақа аст.
СОМ як созмони ғайридавлатии мустақар дар Женева аст, ки тавассути ҷамъе аз ҳуқуқдонон, донишгоҳиён ва мутахассисони муқими Аврупо таъсис шуда ва ба дунболи назорат бар ҳуқуқи башар дар Ховари Миёна аст.