Ҳушдори Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт дар бораи қурбонӣ шудани ҳазорон яманӣ
Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт нисбат ба қурбонӣ шудани даҳҳо ҳазор шаҳрванди яманӣ бар асари бӯҳрони хурӯҷи саратон ба иллати набуди дору ҳушдор дод.
Ба нақл аз Рейтерз, Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт эълом кард, агар манобеи молии лозим барои дармони мубталоён ба саратон дар Яман таъмин нашавад, 35 ҳазор нафар аз шаҳрвандони ин кишвар ҷони худро аз даст хоҳанд дод.
Дар баёнияи ин ниҳоди вобаста ба СММ омадааст: Саратон монанди муҷозоти эъдом дар Яман дар ҳоли қурбонӣ гирифтан аст ва ин дар шароите аст, ки ин кишвар бо бемории вогирдори вабо низ дасту панҷа нарм мекунад.
Пеш аз ин низ бисёре аз созмонҳои ҳуқуқи башарӣ дар бораи ташдиди бӯҳрони инсонӣ дар Яман ба унвони фақиртарин кишвари мусалмон ва араб, ки даргири ҷанги таҳмилӣ ва золимона аз сӯи режими Арабистони Саудӣ аст, ҳушдор дода буд.