Ҳамлаи мушакии артиши Яман ба ошёнаи ҷангандаҳои Саудӣ дар фурудгоҳи Наҷрон
Яҳё Сареъ, сухангӯи неруҳои мусаллаҳи Яман рӯзи панҷшанбе аз ҳамлаи мушакии артиш ва кумитаҳои мардумии Яман ба фурудгоҳи Наҷрон, воқеъ дар ҷануби Арабистон хабар дод.
Ба гузориши Ал Масира, Сареъ афзуд, ягони мушакӣ бо як мушаки баллистики “Бадр як”, ошёнаи ҷангандаҳои Саудиро дар фурудгоҳи Наҷрон ҳадаф қарор доданд.
Вай афзуд, паҳподҳои “Қосиф k2” низ аҳдофи низомӣ дар пойгоҳи Хамис Машит воқеъ дар устони Асири Арабистон ҳадаф қарор доданд. Сухангӯи неруҳои мусаллаҳи Яман изофа кард, ки ҳамалоти неруҳои яманӣ ба аҳдофи мутахосим то поёни муҳосираи Яман, идома хоҳад дошт.
Арабистон ва Иморот аз марти 2015 дар қолаби эътилофе аз чанд кишвари ғарб, арабӣ ва бо кумаки Амрико, ҳамалоти густурдаеро алайҳи Яман, фақиртарин кишвари арабӣ оғоз карданд, то ба баҳонаи бозгардондани Мансур Ҳодӣ, раисиҷумҳури мустаъфӣ ва фирории ин кишвар ба қудрат, ба аҳдоф ва зиёдхоҳиҳои сиёсии худ, ҷома амал бипушонанд.
Бар асари ин таҷовуз токунун беш аз ҳазорон яманӣ кушта шуда ва бар асоси гузориши СММ қаҳтӣ дар ин кишвар ба бузургтарин фоҷиаи инсонӣ дар ҷаҳон табдил шудааст.