Сентябр 08, 2019 18:24 Asia/Dushanbe
  • Додгоҳе дар Аврупо ҳукми террорист хондани

Холид Ашшавлӣ, вакили Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) эълом кард, ки додгоҳи Аврупо дар Люксембург аҳкоми содира дар заминаи террорист хондани Ҷунбиши "Ҳамос" ва гурдонҳои Қисом, шохаи низомии онро лағв кард.

Торнамои маркази иттилоърасонии Фаластин ба нақл аз Ашшавлӣ навишт: Гурдонҳои шаҳид Изуддин Алқисом, шохаи низомии "Ҳамос" низ аз феҳристи гурӯҳҳои террористии Аврупо хориҷ шудааст. Ашшавлӣ афзуд: Додгоҳи Люксембург дар ҷаласаи алании чоруми сентябри соли ҷорӣ аҳкоми содира дар заминаи террорист хондани "Ҳамос" ва шохаи низомии онро лағв кард.

Додгоҳи мазкур дар ҷаласаи худ эълом кард, ки аҳкоми содира ва тасмимиоти иттихозшуда мабнӣ бар дарҷи номи "Ҳамос" ва Қисом дар феҳристи созмонҳои террористӣ ботил ва мардуд аст.

Бо вуҷуди ин, ки ҳукми ҷадиди ду ҳукми содира дар соли 2018 ро лағв мекунад, аммо ин ҳукм аҳкоми содира дар соли 2019 ро, ки ҳанӯз эътирозе ба он сурат нагирифта, шомил намешавад.

"Ҳамос" бо истиқбол аз ин ҳукми додгоҳӣ дар Аврупо эълом кардааст, ки ин қадами Аврупо дар масири саҳеҳ иттихоз шудааст.

 

Барчасп