Сентябр 10, 2019 17:52 Asia/Dushanbe
  • Соқит шудани як ПАҲПОД-и режими саҳюнистӣ дар Ғазза

Як ПАҲПОД-и режими саҳюнистӣ дар Ғазза соқит шуд.

Баъд аз сарнагунии як ҳавопаймои бидуни сарнишини муҳоҷими режими саҳюнистӣ дар Лубнон, имрӯз низ эълом шуд, ки як ПАҲПОД-и саҳюнистҳо дар навори Ғазза ҳадаф қарор гирифтааст.

Ба гузориши “Форс”, артиши режими саҳюнистӣ суқути ҳавопаймои бидуни сарнишини ин режим дар навори Ғаззаро таъйид кардааст.

Артиши режими ишғолгари Қудс эълом кард, ки як ҳавопаймои бидуни сарнишини исроилӣ душанбешаб дар навори Ғазза суқут карда ва таҳқиқот дар бораи далоили суқут дар ҷараён аст.

Сарнагунии ин ҳавопаймои бидуни сарнишин дар ҳоле сурат гирифт, ки субҳи рӯзи душанбе Ҳизбуллоҳи Лубнон аз ҳадаф қарор додани як ҳавопаймои бидуни сарнишини мутаҷовизи режими саҳюнистӣ дар осмони Лубнон хабар дода буд.

Дар баёнияи Ҳизбуллоҳи Лубнон эълом шуд, муҷоҳидони муқовимати исломӣ як ҳавопаймои бидуни сарнишини исроилиро ҳангоми убур аз марзҳои фаластинӣ-лубнонӣ ба самти шаҳри Ромия (дар ҷануби Лубнон) бо силоҳи муносиб ҳадаф қарор доданд. Ин ПАҲПОД дар беруншаҳр (Ромия) сарнагун шуд ва дар дасти муҷоҳидини муқовимат қарор гирифт.