Ҳалокати шуморе аз мутаҷовизони саудӣ дар шимоли ғарби Яман
Артиш ва Кумитаҳои мардумии Яман мавозеи мутаҷовизони саудиро дар устони Ҳаҷҷа дар шимоли ғарби Яман ҳадафи ҳамлаҳои мушакӣ қарор доданд.
Артиш ва Кумитаи мардумии Яман рӯзи сешанбе як мушаки боллистикӣ ба мавозеи мутаҷовизони саудӣ дар устони Ҳаҷҷа дар шимоли ғарби Яман партоб карданд, ки бар асари он шуморе аз мутаҷовизони саудӣ ба ҳалокат расиданд ва чанд тани дигар захмӣ шуданд.
Артиши Яман мавозеи муздурони Саудӣ дар устони Туғз дар ҷануби Яманро низ ҳадаф қарор дод, ки дар ин амалиёт шуморе аз муздурон кушта ва ё захмӣ шуданд.
Муҳаммад Абдуссалом, сухангӯи Ҷунбиши "Ансоруллоҳ"-и Яман ҳафтаи гузашта бо ҳушдор ба эътилофи мутаҷовизони саудӣ таъкид кард, ҳамлаҳои мушакӣ ва паҳподии Яман ҷуз бо поён ёфтани таҷовузи ин эътилоф ва лағви муҳосира мутаваққиф нахоҳад шуд.