Духтари подшоҳи Арабистон ба 10 моҳи ҳабс маҳкум шуд
Сентябр 13, 2019 19:45 Asia/Dushanbe
Додгоҳе дар Фаронса духтари подшоҳи Арабистони Саудиро ба далели тавассул ба иръоб ва таҳдид, ба 10 моҳи зиндон маҳкум кард.
Ба нақл аз Форс, додгоҳе дар Фаронса таи ҳукме Ҳасса бин Салмон, духтари подшоҳи Арабистони Саудиро ба 10 моҳи ҳабси таълиқӣ маҳкум кард.
Ин ҳукми додгоҳи Фаронса ба далели ҳамдастии духтари Салмон бин Абдулазиз дар истифода аз силоҳ ҷиҳати "рабудани як коргар" содир шудааст.
Додситонии Фаронса моҳи гузашта низ хоҳони судури ҳукми ҳашт моҳи ҳабси таълиқӣ алайҳи муҳофизи шахсии Ҳасса бинт Салмон ба ҳамроҳи парджохти ғаромат ба маблағи 5000 евро шуда буд.
Барчасп