Суқути саҳоми Арабистон дар паи ҳамла ба таъсисоти нафтии Арамко
(last modified Sun, 15 Sep 2019 14:55:47 GMT )
Сентябр 15, 2019 19:55 Asia/Dushanbe
  • Суқути саҳоми Арабистон дар паи ҳамла ба таъсисоти нафтии Арамко

Бозори саҳоми Арабистони Саудӣ дар паи ҳамлаи паҳподҳои Яман ба таъсисоти нафтии Арамко ду ва се даҳум дарсад суқут кард.

Ягони паҳподии артиш ва кумитаҳои мардумии Яман рӯзи шанбе бо 10 фарванд паҳпод полоишгоҳҳои "Буқайқ" ва "Хурайс" вобаста ба Ширкати миллии нафти Арабистон Арамкоро ҳадаф қарор дод, ки мунҷар ба эҷоди ихтилол дар тавлиди нафти Арабистони Саудӣ шуд.

Суқути саҳоми бозори Арабистон боис шуд, раванди суқути чандрӯзаи саҳоми Саудӣ, ки дар ҳафтаҳои ахир бо қиматгузориҳои болои саҳом, қимати поини нафт ва нигаронӣ аз чашмандози иқтисод осебдида буд, баст пайдо кунад.

Шохиси саҳоми Арабистн тамоми суди имсоли худро аз даст дода ва нисбат ба рекорди соли 2019-и худ, ки 9403 воҳид шуда буд, 18 дарсад поин омадааст.